Паёми табрикотиии Консули генералии Чумхурии Точикистон дар шахри Екатеринбурги Федератсияи Россия
(ш. Челябинск)
Хамватанони азиз!
Пеш аз хама ичозат фармоед аз номи Консулгарии Чумхурии Точикистон, Хукумат ва Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ба Губернатор ва Хукумати вилояти Челябинск, Раис ва маъмурияти шахри Челябинск барои дастгири ва кумаки бегаразона дар гузаронидани иди миллии точикон – Чашни 20-умин солгарди Истиклолияти Давлатии Чумхурии Точикистон изхори миннатдории бепоёни худро баён намоям.
Дар давоми бист соли истиқлолият бо сарварии окилонаи Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудем; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем; ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем.
Дар ин рузи фируз, аз номи намояндагии дипломатии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон дар хавзаи минтакахои Урал, Сибир ва Шарки Дури Россия аз номи Хукумати Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ва шахсан худам хамаи Шуморо хамватанони азизу мехрубон бо Чашни пуршукухи 20-умин солгарди Истиклолияти Давлатии Чумхурии Точикистон табрику тахнияти фаровон гуфта, бароятон саломативу сарбаланди ва дар кору фаъолияти пурсамаратон дар хоричи кишвар неруи тоза ва комёбихои нав орзумандам.
Бигузор, Чашни истиклолият ба кишвари мо шукуфои ва пешравии хамачониба ва ба мардуми шарифи Точикистон саодату пирузии комил оварад.
Сегодня 23 февраля 2012 г.










620107 г. Екатеринбург
